Пайвандҳои дастрасӣ

Салафия ҷараёни ифротӣ эълон мешавад?


Мурофаи 3 пайрави "Нурчилар" дар додгоҳи Тошканд

Мурофаи 3 пайрави "Нурчилар" дар додгоҳи Тошканд

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) розӣ шудааст, ки ҷараёнҳои мазҳабии "Нурчилар" ва Салафияро гурӯҳҳои ифротӣ эълон кунад.

Тасмими ба феҳрасти гурӯҳҳои ифротии СПАД шомил кардани ин ду гурӯҳ бо дархости Узбакистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Виталий Струговетс, сухангӯи СПАД, ба радиои Озодӣ гуфт, феҳрасти гурӯҳҳои террористие, ки ин паймони низомӣ таҳия кардааст, 26 гурӯҳ, аз ҷумла шабакаи Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистонро дар бар мегирад.

Бо вуҷуди набуди кадом далели рӯшани даст доштани пайравони Салафия ва "Нурчилар" дар аъмоли тундравона, ба феҳрасти сиёҳи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ изофа шудани исми ҷараёни Салафия ва "Нурчилар" ин ду гурӯҳро дар Узбакистону Қазоқистон таҳти таҳдиди таъқиб қарор медиҳад. Созмониҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, аз соли гузашта ба ин сӯ танҳо дар Узбакистон дастикам 30 пайрави рӯҳонии турк Саид Нурсӣ равонаи зиндон шуда, дар Қазоқистон низ дар ин авохир садҳо пайрави ҷараёнҳои ғайрисуннатии исломӣ ба масъулият кашонида шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG