Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо Карзай ва Зардорӣ мулоқот мекунад


Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ

Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ

Имрӯз, 6-уми май, дар Вошингтон музокироти сеҷониба миёни президентҳои Амрико, Афғонистон ва Покистон баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар ин музокирот аслан масоили амниятии минтақа, аз ҷумла таъмини сулҳ дар Афғонистон, баррасӣ шавад.

Дар остонаи ин музокироти сеҷониба Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон, гуфт, Вошингтон бидуни чуну чаро аз ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Покистон ҷонибдорӣ мекунад. Оқои Ҳолбрук зимни суханони худ дар яке аз кумитаҳои Конгресс изҳор дошт, "Покистон барои Амрико аз нуқтаи назари сиёсӣ ва стротегӣ хеле муҳим аст. Ҳадафи мо кӯмак барои таъмини суботи Покистони демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳури интихобшуда Осиф Алӣ Зардорист".

Оқои Ҳолбрук ҳамчунин гуфт, Покистон низ бояд нишон диҳад, ки ӯҳдадориашро барои саркӯб кардани ситезаҷӯёни исломӣ дар хоки кишвараш иҷро мекунад. Вай гуфт, ҳоло кӯмакҳои амниятӣ ба Покистон самараи худро медиҳад.

Қаблан Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико, дар Риёд - пойтахти Арабистони Саудӣ гуфт, Амрико мехоҳад, ки Арабистони Саудӣ ба Покистон куӯмак кунад, то он аз таҳдидҳои ситезаҷӯён раҳо шавад. Роберт Гейтс гуфт, Арабистони Саудӣ бо Покистон собиқаи тӯлонии муносиботи наздик дорад.

Дар остонаи музокироти сеҷонибаи Вошингтон Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, муносиботи Афғонистону Амрико хеле қавист, гарчӣ роҷеъ ба масоиле, аз қабили сиёсатҳои имдодрасонӣ, ришвахорӣ ва марги аҳолии бегуноҳ дар ҷараёни бомборонҳои нерӯҳои Амрико баъзе сӯитафоҳумҳо мавҷуд аст. Ҳомид Карзай ин нуктаро дирӯз дар Вошингтон дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт. Карзай дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи август қарор дорад.

Дар гузаштаи наздик Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, борҳо изҳор доштааст, ки Амрико дар қиболи Афғонистону Покистон стротегияи нав дар пеш гирифтааст ва чунин роҳ метавонад зудтар заминаро барои таъмини субот дар минтақа фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG