Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Карзай ва Зардорӣ мулоқот мекунад


Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистон ва Покистон дар Вошингтон дар бораи Ал Қоъида ва Толибон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Ричард Ҳолбрук-намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон гуфт, Вошингтон бидуни чуну чаро аз ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Покистон ҷонибдорӣ мекунад. Оқои Ҳолбрук зимни суханони худ дар яке аз кумитаҳои Конгресс изҳор дошт, ки Покистон низ бояд нишон диҳад, ки ӯҳдадориашро барои саркӯб кардани ситезаҷӯёни исломӣ дар хоки кишвараш иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG