Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон бо вазирони Арманистону Озарбойҷон вохӯрд


Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико бо мақомоти Арманистону Озарбойҷон ба таври алоҳида дар бораи амнияти энержӣ ва минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ гуфтугӯ кард. Хонум Клинтон нахуст бо Эдуард Наъбандиён-вазири хориҷаи Арманистон ва сипас бо Элмар Мамадёров-вазири хориҷаи Озарбойҷон дар Вошингтон мулоқот анҷом дод. Озарбойҷон аз музокироти Туркия бо Арманистон нигарон аст. Моҳи гузашта ин ду кишвар барномаеро барои музокирот эълон карданд, ки метавонад роҳро барои оддӣ сохтани муносиботи ду ҷониб ҳамвор кунад. Аммо Озарбойҷон намехоҳад, ки Туркия дар ин роҳ пеш равад ва мегӯяд, Арманистон бояд аввал нируҳояшро аз Қарабоғи Кӯҳистонӣ фаро хонад.
XS
SM
MD
LG