Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ:Аслиҳаи ҳастаии Покистон дар ҷои амн аст


Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон гуфт, аслиҳаи ҳастаии кишвараш дар ҷои амн қарор дорад ва шӯришиёне, ки дар баъзе қисматҳои Покистон фаъолият мекунанд, ба ин аслиҳа дастрасӣ надоранд. Оқои Зардорӣ гуфт, аслиҳаи ҳастаӣ комилан таҳти контроли низомиёни Покистон ва зери фармондеҳии вай қарор дорад. Вай афзуд, набояд маҳофили байналмиллалӣ нигарон бошанд, ки ин аслиҳа ба дасти одамони нодуруст мерасад.

XS
SM
MD
LG