Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Амрико аз Осиёи Ҷанубӣ боздид мекунанд


Имрӯз Стефан Босворс ва Сунг Ким-ду нафар музокиракунандагони аршади Амрико барои боздид аз Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ва Чину Русия ба роҳ мебароянд. Ҳадаф аз ин силсилабоздидҳо баргардонидани Куриёи Шимолӣ ба музокироти ҳастаии шашҷониба мебошад. Куриёи Шимолӣ дархостҳоро барои ширкат дар музокирот рад кардааст. Баъд аз интиқоди Шӯрои Амнияти СММ аз озмоиши мушаки дурбурди Куриёи Шимолӣ дар 5-ӯми апрел ин кишвар таҳдид кард, ки фаъолиятҳои ҳастаии худро аз сар мегирад.
XS
SM
MD
LG