Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон аз машқҳои НАТО хориҷ мешавад


Арманистон изҳор дошт, ки аз машқҳои низомии нируҳои НАТО хориҷ хоҳад шуд. Қарор аст ин мақҳо имрӯз дар Гурҷистон анҷом бигирад. Изҳороти Арманистон дар ҳоле пахш мешавад, ки Гурҷистон гуфтааст, шӯришеро дар наздикии пойгоҳи низомиаш дар ҳаволии Тифлис саркӯб кардааст. Рӯзномаи "Ведомости"- чопи Русия навишатааст, 5 кишвари дигар низ тасмим гирифтаанд, ки аз ин машқҳо хориҷ шаванд. Вазорати дохилаи Гурҷистон гуфтааст, ба шӯришиён нируҳои Русия кӯмак кардаанд, то бад-ин тариқ машқҳои низомии НАТО-ро ба ҳам зананд. Дмитрий Рогозин-намояндаи Русия дар НАТО ин суханонро "ҷунуномез" хонд.
XS
SM
MD
LG