Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Молдова бидуни раёсат боқӣ монд


Парлумони нави Молдова дар нишасти нахусташ ба интихоби раиси парлумон муваффақ нашуд. Вакилон аз аҳзоби мухолиф аз ширкат дар интихоби раҳбарони парлумон сарпечӣ намуданд ва изҳор доштанд, ки барои баргузории интихоботи такрорӣ талош хоҳад кард. Мухолифини ҳукумат мутмаинанд, ки мақомот дар баршуморидани раъйҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ аз тақаллуб кор гирифтаанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар интихобот Ҳизби комунист пирӯз шуд ва ҳоло дар парлумони дорои 101 курсӣ 60 ҷойро соҳиб шудааст. Комунистҳо барои интихоби раисиҷумҳур дар парлумон боз ба як раъй ниёз доранд. Аз ин пеш аҳзоби мухолиф эълом доштанд, ки ин "раъйи тиллои"-ро ҳифз хоҳанд кард, то аз интихоби раисиҷумҳури комунист ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG