Пайвандҳои дастрасӣ

Бесир Аталай, вазири умури дохилаи Туркия ҳамла ба тӯйи арусӣ дар деҳи Белгеи канори шаҳри Мардинро бо интиқом марбут кард ва иттилоъи пешин дар мавриди дар ин ҳодиса даст доштани ҷудоихоҳони курдро рад намуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллӣ бо гумони ҳамла ба сӯри арусӣ 8 нафар боздоштро кардаанд.

Ба думболи ин боздошт гуфта шуд, ки фоҷиа дар деҳаи Белге пайомади рақобати миёни ду хонаводаи ҳамин деҳа аст. Нейҳо Басар, корманди нашрияи Hurriyet Daily News ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин натиҷаи душманӣ миёни ду хонавода аст. Як хонавода мехост, ки ин духтар писари хонаводаи онҳоро ба шавҳарӣ бипазирад ва аммо хонаводаи духтар ба ин розӣ нашуд ва хост, ки ӯро ба дигар хонавода ба шавҳар диҳад ва хонаводаи аввал ин ҳамларо ташкил кард”.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми рӯзи душанбе афроди ниқобпӯш сӯи тақрибан 200 тан аз меҳмонони тӯйи арусӣ оташ кушоданд. Тирпарронӣ тақрибан 15 дақиқа идома дошт ва сипас ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса тақрибан 44 нафар аз меҳмонон, аз ҷумла, шаш кӯдак ва 16 зан кушта шудаанд.

Теъдоди қурбониён ҳатто Туркияро, ки рақобати миёни хонаводаҳо дар деҳоти дурдасташ ба як амри маъмулӣ табдил шудааст, такон дод. Гуфта мешавад, ки интиқом дар ин минтақа бар асари низоъҳои марбут ба як пора замин, никоҳ ва ҳатто қарзи нопардохта сурат мегирад. Ва аммо, аз нигоҳи коршиносон, ин куштори гӯшношунид шояд марбут ба он аст, ки аксари мардони деҳаи Белге аъзои гурӯҳи низомианд, аъзои горде, ки ба хотири дифоъи деҳоти марзӣ аз ҳамлаи ҷудоихоҳони курд ташкил шудааст.

Шабакаи телевизионии NTV-и Туркия гуфтаҳои муовини волии Мардин Аҳмад Фарҳат Озенро овардааст, ки фоҷиа дар Белгеро чун “пайомади низоъи дерин миёни гурӯҳҳои горди деҳот” арзёбӣ кардааст. Ба гурӯҳҳои муҳофизони деҳот, ки соли 1985 таъсис шудааст, тақрибан 60 ҳазор курдҳои маҳаллӣ шомиланд, ки аз сӯи Анқара бо силоҳ таъмин шудаанд. Бархе аз муҳофизони деҳот қаблан дар сӯиистифода аз мақом ва ҳамла ба хонаводаҳои мухолиф, дар талоши ғасби замин ва дар кочоқ муттаҳам шудаанд.

Нейҳо Басар меафзояд, “ман қаблан дар бораи ҳодисаҳое шунида будам, ки муҳофизоти деҳот бо аҳли хонаводаашон ба деҳаҳои солҳои 90-ум таркшуда кучиданд. Ва акнун, вақте, ки соҳибони ҳақиқӣ ба ин деҳаҳо бармегарданд, мебинанд, ки дар манзилҳояшон муҳофизон зиндагӣ мекунанд. Бар асари ин бархӯрдҳо сурат мегиранд. Ва минтақаи ҷанубу шарқи Анталия роҳи асосии қочоқ аст ва табиист, ки муҳофизони деҳот ба ин қочоқ даст задаанд, зеро афроди зиёде дар ин минтақа ба роҳу василае дар ин қочоқ даст доранд”.

Ин ҳама иттиҳомот идомаи арзи вуҷуди Горди деҳот ё муҳофизони деҳотро зери суол мебарад ва аммо то ҳол ягон нишонаи ба зудӣ пароканда кардани ин гурӯҳҳо ба чашм намерасад.

Ҳамлаҳои ҷудоихоҳони курд ба Туркия баъд аз боздошти раҳбари Ҳизби коргарони Курдистон Абдуллоҳ Оҷалон каме коҳиш ёфт ва аммо ин ҳамлаҳо баъд аз шурӯъи амалиёти низомии Амрико дар Ироқ дар соли 2003-юм дубора афзоиш ёфтанд. Ба гуфтаи Басар, вазъи амниятӣ дар минтақа боиси нигаронии ҷиддист, ҳамлаҳо идома доранд ва аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар як ҳамла даҳ сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки фоҷиаи ахир дар сӯри арӯсӣ дар деҳаи Белге ҳам як далели вазъи ноором дар минтақа аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG