Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров аз ширкат дар нишасти НАТО сарпечӣ кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, аз ширкат дар нишасти вазирони Шӯрои Русия-НАТО, ки бояд рӯзи 19 май баргузор мешуд, сарпечӣ кард. Дар ин бора намояндаи Русия дар Паймони Атлантикаи шимол Дмитрий Рогозин хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки НАТО бо вуҷуди эътирози Маскав дар Гурҷистон тамринҳои низомӣ доир мекунад ва дар бораи ихроҷи ду корманди намояндагии Русия дар НАТО аз Белгия тасмим гирифтааст, баргузории нишасти вазирон ноҷову бемаънист.
Раҳбарияти Паймони Атлантикаи Шимол аз сарпечии Сергей Лавров дар нишаст изҳори таассуф кард. Равобити миёни Русия ва НАТО баъд аз ҷанг дар Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG