Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муноқишаи Мухрованӣ бахушӣ ҳалл шудааст


Зиреҳпӯшҳои артиши Гурҷистон Мухрованиро муҳосира гирифтанд

Зиреҳпӯшҳои артиши Гурҷистон Мухрованиро муҳосира гирифтанд

Бино ба хабарҳо, муноқишаи низомӣ дар пойгоҳи низомии Мухрованӣ, дар ҳошияи Тифлис, пойтахти Гурҷистон ба поён расидааст.

Вазорати дифоъи Гурҷистон субҳи имрӯз хабар дода буд, ки як воҳиди низомии мустақар дар Мухрованӣ аз итоат сар печида, қасди ошӯб кардааст. Ин эҳтимоли табаддулоти низомӣ дар Гурҷистон дар арафаи оғози машқҳои муштаракаи густардаи паймони низомии НАТО дар ин кишвар иттифоқ уфтод ва мақомоти Тифлис ангушти иттиҳом ба сӯи Маскав баланд карданд. Маскав ба навбаи худ, ин иддаоро бепоя хонда радд мекунад.

Сухангӯи вазорати умури дохилии Гурҷистон Шота Утиашвилӣ ба Франс Пресс гуфтааст, мавзӯъи ошӯби эҳтимолӣ дар пойгоҳи низомии Мухрованӣ бидуни кадом хушунат ва ба хушӣ ҳалл шуд ва аксари ошӯбгарон худро таслим карданд.


Муноқишаи низомии рӯзи сешанбе дар Мухрованӣ, мақари як баталёни танкии артиши Гурҷистон садҳо сарбоз ва даҳҳо танки ҷангиро дар ҳамагӣ 19-километрии пойтахт, шаҳри Тифлис, дар ду сангар муқобили ҳам қарор дода буд. Нирӯҳои мустақар дар ин пойгоҳ, ки ба қасди ошӯби низомӣ муттаҳам мешаванд, зоҳиран бо ин васила ба ҳукумати раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ эътироз мекарданд.

Бино ба хабарҳо, Саакашвилӣ ба Мухрованӣ сафар кардааст, то худ мустақиман бо сарбозон ва афсарони саркаши он пойгоҳ сӯҳбат кунад. Михаил Саакашвилӣ субҳи сешанбе қабл аз тарки Тифлис ба қасди Мухрованӣ дар як паёми телевизионӣ талош кард, мардумашро итминони хотир диҳад, ки амният – барқарор ва авзоъ орому таҳти назорат аст: “Албатта, мо инро як чолиши ҷиддӣ мешуморем. Аммо бо ин вуҷуд, ман гуфтаниам, ки ин як ҳодисаи алоҳида буда, ба воҳидҳои дигари низомии мо густариш наёфтааст. Воҳидҳои дигари низомии мо дар ҳолати омодабош қарор доранд. Авзоъ муқаррарӣ ва зери назорат аст. Оромӣ ва назм дар кишвари мо барқарор буда, таҳдиде вуҷуд надорад.”

Хабаргузории русии Интерфакс хабар дод, ки Мамука Горгишвилӣ, фармондеҳи пойгоҳи низомии Мухрованӣ, бо нашри як баёния аз давлати Михаил Саакашвилӣ интиқод карда, вале ваъда супурдааст, ки аз нирӯ истифода нахоҳад бурд.

Муноқишаи Мухрованӣ, тавре ба назар мерасад, дар пайи ба хотири музокирот вориди пойгоҳ шудани намояндагони вазорати умури дохилии Гурҷистон ҳалл шуд. Ин муноқиша ҳамагӣ як рӯз қабл аз оғози машқҳои муштараки густарда, ки паймони низомии НАТО аз 5 то 30 май дар Гурҷистон доир мекунад, рух дод. Мақомоти Тифлис ангушти иттиҳом билофосила ба сӯи Русия баланд карданд ва гуфтанд, ки ошӯби Мухрованӣ дар Маскав ва бо ҳадафи халал додан ба машқҳои муштараки НАТО дар Гурҷистон тарроҳӣ шудааст.

Михаил Саакашвилӣ бидуни зикри мушаххас аз Русия, аммо бо ишораи рӯшан ба сӯи “ҳамсояи шимолии Гурҷистон” гуфт, кишвараш ба ҳар навъ талоши “иғво” сарсахтона “муқовимат” нишон хоҳад дод: “Ман аз ҳамсояи шимолиамон даъват мекунам, аз ҳар навъ иғво даст бардорад. Чунин иғвоҳо дар Гурҷистон кор нахоҳанд дод. Мардуми Гурҷистон ба чунин дом нахоҳад уфтод.”

Аммо дар Русия ин иддаоро бепоя хонда, радд мекунанд. Дмитрий Рогозин, фиристодаи Русия дар паймони низомии НАТО, даст доштани Маскав дар ошӯби ахир дар Гурҷистонро як иддаои "хандаовар" номид ва гуфт, НАТО бояд машқҳои низомиашро дар "ягон девонахона" анҷом диҳад.

Русия, ки дар моҳи августи соли гузашта бо Гурҷистон бар сари вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон вориди ҷанги кӯтоҳе шуда, дар пай истиқлолияти он ду вилоятро ба расмият шинохт, шадидан мухолифи баргузории машқҳои НАТО дар қаламрави Гурҷистон аст. Аммо Кармен Ромеро, як сухангӯи НАТО нигарониҳои Маскав дар ин масъаларо беҳуда хонд ва гуфт: “Ин машқҳо хеле аз пеш, ҳанӯз қабл аз бӯҳрони байни Русияву Гурҷистон барномарезӣ шуда буд. НАТО дар ин мавзӯъ нисбат ба Русия хеле боз буд, чунки Русия низ аз ҳамкорони НАТО-ст.”

Хонум Ромеро гуфт, паймони НАТО дар ҷараёни таҳаввулоти ахири Гурҷистон қарор дорад ва бо вуҷуди муноқишаи низомӣ дар Мухрованӣ тасмими баргузории машқҳо ҳамчунон ба қувваи худ боқист. Машқҳои қариб якмоҳаи паймони НАТО дар Гурҷистон як навъ аломати рамзии изҳори ҳамдилӣ бо ин кишвар, ки солҳост азми пайвастан ба ин эътилофи низомиро дорад, талаққӣ мешавад. Дар ҷараёни ин машқҳои густарда ҳудуди 1000 сарбоз аз 13 кишвари узви НАТО тайи моҳи май дар як пойгоҳи низомии артиши Гурҷистон дар шарқи Тифлис шеваҳои вокуниш ба ҳолоти бӯҳрониро тамрин хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG