Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни сел дар ҷануби Тоҷикистон


Авоқиби обхезии 23 апрел дар ноҳияи Хуросон

Авоқиби обхезии 23 апрел дар ноҳияи Хуросон

Ин сеюмин мавриди ҳалокати кӯдакон дар пайи ҳаводиси табиӣ дар як моҳи ахир аст. Тибқи иттиллои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, 24 хонавода дар рустоҳои Тошбулоқ ва Буваки ноҳияи Варзоб ба маҳалли амн кӯч дода шудаанд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, манозили ин хонаводаҳо дар маҳалле бунёд шудаанд, ки хатари зери кӯҳпора мондан ба онҳо ҳар лаҳза таҳдид мекунад.

Ҷасади Мунира Мирсаидоваи 11-сола - сокини деҳаи Хоҷаи нури ҷамоати деҳоти Боғчаи ноҳияи Мӯъминобод 4 май баъди як рӯзи ба коми сел рафтанаш дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ёфт шудааст. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфтанд, ҷасад баъди шиносоӣ ба волидонаш таҳвил дода шуд. Дӯстмурод Забиров-сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан низ ду наврас - яке писарбачаи 12-сола дар ноҳияи Восеъ ва як духтараки 10-сола дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон - ба коми сел рафта буданд.

Дӯстмурод Забиров афзуд, боронҳои зиёду мудаввом дар ду моҳи ахир заминаро барои вуқӯи офатҳои табиие, чун селхезӣ, фаромадани ярч, обхезӣ ва лағзиши теппа ва доманакӯҳҳо фароҳам кардааст. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон гуфт, наздики 25 оила дар ноҳияи Варзоб дар 20-километрии шимоли шаҳри Душанбе,к и бо хатари зери хок мондан мувоҷеҳанд, ба маҳалли амн кӯчонида шуданд.Оқои Забиров гуфт, манозили маскунии ин оилаҳо дар пояи кӯҳ ҷойгир шудааст ва хатари ҳарлаҳзаи зери теппа мондани онҳо вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, боронгариҳои рӯзҳои ахир бахусус дар навоҳии Ёвон, Хуросон ва Мӯъминободи вилояти Хатлон хисороти зиёд оварда, майдони кишт ва ҷодаҳои мошингардро тахриб кардааст. Ба гуфтаи Дӯстмурод Забиров - сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорииТоҷикистон, ҳамчунин 600 метр ҷодаи асосӣ ва ду пул дар ноҳияи Рӯдакии ҳамшафат бо пойтахти кишвар бар асари боронгариҳи ду рӯзи ахир хароб шудааст. Ҳамчунин сатҳи оби рӯдхонаҳо дар бархе аз навоҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳринав боло рафта, майдонҳои кишт ва боғотро шустааст.

Бо ин ҳол, бархе аз коршиносон талошҳои давлати Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз офоти табииро кофӣ намеҳисобанд. Ба эътиқоди коршиносон, дар бештари маврид маболиғи тахсисдодаи давлат барои таҳкими савоҳили рӯдҳо ва безарар гардонидани пайомадҳои офоти табиӣ дуруст ва бамаврид истифода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Дӯстмурод Забиров-сухангӯи Кумитаи вазъи изтирории Тоҷикистон гуфт, ки давлат барномаи кӯч додани аҳолии дар минтақаи хафв қарор дошта дар кишварро рӯи даст гирифтааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома 600 хонавода аз манотиқи кӯҳистонӣ, ки бо таҳдиди офати табиӣ мувоҷеҳанд, ба манотиқи амн кӯчонида мешаванд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, давлати Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои кӯмакрасони байналмилаӣ, аз ҷумла Гурӯҳи ҳамоҳангӣ ва арзёбии сареъи ҳолатҳои фавқуллодаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, барои зарардидагони ҳаводиси табиӣ расонидани кӯмакҳои аввалияро оғоз кардаанд.

Аммо боришоти ахир дар соҳаи кишоварзӣ низ зиёни ҷиддӣ расонидааст.Тибқи иттиллои вазорати кишварзии Тоҷикистон, бо ҳадафи омӯхтани хисороти расида ба арсаи кишоварзӣ як комиссиюни вижа ташкил шудааст .Зеро бар пояи таҳлилҳои муқаддамотӣ, рутубати зиёд ва давомдор тухмии аксари зироатҳои киштшударо пӯсонидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG