Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Мирсаидов дар озмуни Алма-Ато


Хабарнигори "Варорӯд" ҷоизаи дуввуми озмуни минтақавии озодии баёнро ба даст овард.

Неъматулло Мирсаидов, хабарнигори нашрия ва сомонаи «Варорӯд», дар Алма-Ато дар як озмуни байнулмилалӣ бахшида ба озодии баён сазовори мақоми дуюм ва соҳиби 700 доллари амрикоӣ ҷоиза гардид.

Дар ин озмун, ки Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон, Сандуқи байналмилалии дифоъ аз озодии баён «Адил соз» , Иттиҳодияи байнулмилалии дифоъ аз озодии баён IFEX, созмони «Freedom House», Иттиҳодияи иҷтимоии журналистони Қирғизистон ва Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот доир карданд, 73 мақолаву мусоҳиба ва хабару лавҳа пешниҳод шуд. Озмун чунин мавзӯъҳоро дар бар гирифт: "Озодии баён бар пояи меъёрҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва таҷрубаи ватанӣ", "Озодии баён ба кӣ зарур аст?", "Сонсури ҳамешагии манъкунӣ", "Ман дар бораи чӣ навишта наметавонам?", "Агар ин қасос набошад, пас чист?", "Нимаподшоҳӣ ба иттилоот" ва ғайра.

Доварон ба навиштаҳои журналистон аз рӯи тозагии назар ба масъала, салоҳият ва мушаххасии баёни муаллиф, таҳлили амиқи мавзӯъ ва мазмуну фасеҳияти баён баҳо доданд. Дар ин озмуни журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ Виталий Катаргин--хабарнигори радиои «Дойче велл» (Садои Олмон) дар Қирғизистон пирӯз гардид ва 1000 доллари амрикоӣ ҷоиза гирифт. Ҷои сеюмро бо 500 доллари амрикоӣ ҷоизаи пулӣ Ризобек Исобеков - хабарнигори рӯзномаи «Наша жизн»-и шаҳри Қустанайи Қазоқистон соҳиб шуд.
Бар асоси матлабҳои ба озмун расида, китоби маҷмӯаи беҳтарин мақолаҳо низ дар оянда ба табъ хоҳад расид.

Саидқозӣ Матаев - раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон, ки узви ҳайъати доварони озмун буд, гуфт, навиштаҳои ғолибони озмун, аз ҷумла мақолаҳои Неъматулло Мирсаидов мавзӯъҳои доғи марбут ба озодии баёнро дар бар мегиранд ва онҳо барои ҳалли умдатарин масъалаҳо ёрӣ хоҳанд расонд. Узви ҳайъати доварон иброз дошт, «бештари матлабҳои Неъматулло Мирсаидов ба масоили рушди интернет-журналистика ва вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бахшида шудаанд. Рӯзноманигори тоҷик дар матлабҳояш бо назари фарох ва басо амиқ мавзӯъро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин дар ин матлабҳо вай роҳҳои рушди журналистика дар Осиёи Марказиро пешгӯӣ мекунад».

Тавре раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон гуфт, онҳо дар ибтидо чашмдор набуданд, ки дар озмун намояндаи Тоҷикистон мақоми баландро соҳиб мешавад. Зеро вазъи озодии баён дар Точикистон, тавре оқои Матаев мегӯяд, назар ба Қазоқистону Қирғизистон дар сатҳи поин қарор дорад. Аз ин хотир, мақоми дуюмро касб кардани Неьматулло Мирсаидов, ба таькиди оқои Матаев, рӯйдоди хурсандибахш аст.

Ёдовар мешавем, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бо ибтикори созмони ЮНЕСКО ба муносибати Эъломияи Виндҳук, ки 3 майи соли 1993 қабул гардида буд, муқаррар гардидааст. Ин эъломия аз ҷониби ноширон, сардабирон ва журналистони африқоӣ таҳия гардида, дар он нақши муҳимтарини озодии матбуот дар саросари ҷаҳон таъкид гардидааст. Дар он аз ҳукумати ҳама кишварҳо даъват шуда буд, ки дар кишвархояшон озодии матбуотро тазмин кунанд.
XS
SM
MD
LG