Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бардоштҳои мухталиф аз филми "Чингиз ва Бибисоро"


Чингиз Айтматов

Чингиз Айтматов

Ин филм достони муҳаббати нависандаи маъруф, шодравон Чингиз Айтматов ва балерина ё раққосаи балет Бибисоро Бейшеналиеваро рӯи навор овардааст. Ба гуфтаи Ҷаниш Қулманбетов, ба навор бардоштани ин филм моҳи октябри cоли гузашта ба охир расид ва нақшҳои асосиро Муҳаббат Бойғобилова, Азамат Калман ва Темирлан Симанбеков бозӣ кардаанд. Гуфта шуд, вале аз эҳтимол холӣ нест, ки номи филмро табдил кунанд ва ба он «Муҳаббати фоҷиавии Чингиз Айтматов» ном гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, нахустнамоиши филми «Чингиз ва Бибисоро» дар миёни аҳли фарҳанг ва тамошобинони оддии қирғиз вокунишҳои зиддунақизро ба бор овардааст. Аз ҷумла, Гулбара Таломушева, муовини раиси Иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон, филми Ҷаниш Қулманбетовро анҷоми як амали сатҳӣ дар синамои қирғиз арзёбӣ кард: “Ин филм эътибори синамои қирғизро хеле коҳиш дод. Коргардон дар пояи як сӯҳбати Чингиз Айтматов бо Мухтор Шаханов, ки ҳамагӣ ҳафт саҳифаро ташкил мекунад, филми дусоата офаридааст.”

Ба таъкиди Гулбара Толомушева, коргардон дар интихоби ҳунармандон низ ғалат кардааст, зеро чеҳраи Азамат Калман, ки нақши давраи ҷавонии Айтматовро бозидааст, тамошобинро гумроҳ мекунад.

Аммо коршиноси тоҷики муқими Бишкек Қодиршои Мурувват мегӯяд, ҳар гуна филме, ки ҳаёту рӯзгори шахсони маъруфро баррасӣ мекунад, қобили ситоиш аст: «Баъди тамошои филми «Чингиз ва Бибисоро»-и таҳиягари қирғиз Ҷаниш Қулманбетов дарёфтам, ки ин филм як пораи рӯзгори маъруфтарин нависандаи қирғиз ва ҷаҳон - Чингиз Айтматов ва балерина Бибисоро Бейшеналиеваро ба маърази тамошо гузоштааст. Ҳар гуна адиб ва шахси маъруф ҳам ошиқ мешавад, изҳори ишқ мекунад. Барои мисол, шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат балеринаи нотакрор Малика Собироваро дӯст медошт ва бахшида ба ӯ шеърҳо навишт. Аз ҷумла, мегӯянд, шеърҳои «Ману шабҳои бехобӣ» ва «Марав, қуи сафеди ман» дар пояи ҳамин муҳаббат эҷод шудаанд, ки ба унвони беҳтарин шеърҳои лирикии устод Қаноат эътироф шудаанд. Аз ин ҷост ки рӯнамо кардани баъзе паҳлуҳои ҳаёти шахсии ду чеҳраи нотакрори адабиёт ва санъати Қирғизистон дар меҳвари филми «Чингиз ва Бибисоро» қарор гирифтаанд. Аз тарафи дигар, тамошои филм чанд нуктаи муҳимеро аз ҳаёти ин ду нафар барои насли имрӯза ошкор мекунад. Ман тарафдори он ақида нестам, ки баъзеҳо филмро порнографӣ номидаанд ва гӯё ҷойгоҳи ин чеҳраҳои маъруфро дар назари дигарон коҳиш медиҳад».

Аммо як тамошобини филми «Чингиз ва Бибисоро» гуфт, ҳанӯз оби сари ҷасади шодравон Чингиз Айтматов хушк нашуда, баъзе коргардонҳо дар талоши он шудаанд, ки перомуни ҳаёти ин марди бузург филми ҳунарӣ офаранд: “Ҳанӯз вақти он нарасидааст, ки дар бораи Чингиз Айтматов барин шахси маъруф филм офаранд. Ба вижа қабл аз ба навор бардоштани филме, ки муҳаббати Чингиз Айтматов бо Бибисоро Бейшеналиеваро тараннум мекунад, бояд ин мавзӯъ дақиқкорона мавриди пажӯҳиш қарор мегирифт.”

Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, сарнавишти шахсиятҳои бузург ва ҳар як саҳифаи ҳаёти онҳо барои наслҳои имрӯз ва фардо дарси ҳаёт ва намунаи ибрат маҳсуб мешавад.

Ба ҳар сурат, намоиши филми «Чингиз ва Бибисоро» дар Бишкек ва шаҳрҳои дигари Қирғизистон идома дорад. Ин дар ҳолест, ки Гулбара Толомушева, муовини раиси Иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон аз вазири фарҳанги кишвараш даъват кардааст, ки аз идомаи намоиши ин филм ҷилавгирӣ кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG