Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Ишкошим барқароркунии ҷангалзорҳо оғоз гардид.

Ба гуфтаи сардори идораи ҷангали вилоят Абдулназар Абдулназаров, дар чаҳорчуби иҷрои як лоиҳаи вижаи эҳё ва ҳифозати ҷангалзорҳо як ҳазору 100 гектар ҷангалзор ба сокинони ноҳия ба муддати 20 сол ба иҷора дода шудааст. Вай гуфт, ки лоиҳа бо кумаки Созмони ҳамкориҳои фаннии олмонӣ мавсум ба ЧТЗ ва дар ҳамкорӣ бо идораи ҷангали вилоят ва иҷоракорон дар доираи барномаи ҷилавгирӣ аз раванди биёбоншавӣ амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи сардори идораи ҷангал, корҳои барқароркунӣ аз ҷангалзорҳои Қозидеҳ , Мулвоҷ ва Абхарв, ки таи солҳои охир бар асари омилҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ бештар аз ҳама тахриб шуданд, шурӯъ гардиданд.

Танзимгари лоиҳаи созмони ҳамкориҳои олмонӣ Андре Фабиан гуфт, ки онҳо ба иҷоракорон дар мавриди таъмиру сохтмони иншоотҳои обрасонӣ ба ҷангалзорҳо, ҳифозати онҳо ва баланд бардоштани масъулият ва сатҳи идоракуниашон бо роҳи донишомӯзӣ кумак мерасонанд.

Сокини Ишкошим Алидод Одинабеков изҳор дошт, ки қаблан танҳо аз ҷангалзорҳои Қозидеҳу Мулвоҷ ва Абхарв ҳамасола 12 тонна ангат ҷамъоварӣ ва ба корхонаи коркарди ангат дар Хоруғ ва манотиқи дигари ҷумҳурӣ фиристода мешуд. Вай афзуд, ки аммо бар асари буридашавӣ ва вайроншавии шабакаҳои обёрӣ ҷангалзорҳо ба харобазор табдил шуданд.

Ба гуфтаи сардори идораи ҷангали вилоят, барқарорсозии шабакаҳои обрасон ва баланд бардоштани ҳисси масъулият дар ҳифз намудан ва истифоади оқилонаи захоири табиӣ имкон медиҳад, ки ҷангалзорҳо дар муддати то 15 соли оянда барқарор шаванд.

Ҷангалзорҳо дар Ишкошим ҳануз чанд даҳсола қабл лаб-лаби рӯдхонаи Панҷ бо кӯшиши олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир сабз шуданд. Ба гуфтаи сардори Пажӯҳишгоҳи биолоигии Помир академик Оғоназар Ақназаров, ҷангалзорҳо на фақат ба хотири сабзгардонӣ ва аҳамияти истеҳсолӣ доштанашон, балки чун воситаи соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҷилавгирӣ аз лесидашавии хок бар асари вазиши шамол, ки ҷиҳати вижагии минтақа қариб ҳамарӯза аз худ дарак медиҳад, бунёд ёфтанд.

Ба гуфтаи олимони пажӯҳишгоҳ, аммо тахрибшавии ҷангалзорҳои ноҳия ба вазъи экологӣ низ таъсир бар ҷой доштааст ва барқарорсозиашон имкон медиҳад, ки на танҳо вазъи экологӣ беҳбуд ёбад, балки ангату настарани бозоргири он дар саноати дорусозӣ ба манбаъи даромади хуб барои ҷангалпарварон табдил шавад.

Дар Бадахшон зиёда аз 70 ҳазор гектор захоири замини ҷангал мавҷуд ва танҳо масоҳати 12 ҳазор гектори он сабзпӯш аст.
XS
SM
MD
LG