Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Свот манзилҳои худро тарк мегӯянд


Мақомоти Покистон аз сокинонии водии Свот даъват карданд, ки ин минтақаро тарк намоянд. Водии Свот айни ҳол таҳти назорати ҷунбиши “Толибон”қарор дорад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, алҳол созиши оташбас, ки қаблан миёни мақомоти маҳаллӣ ва “Толибон” ҳосил шуда буд, риоя намешавад. Хушал Хон, намояндаи ҳукумат дар водии Свот, ба хабаргузории Assosiated Press гуфт, ки режими қуюди шабгардӣ дар шаҳри Мингора каме коҳиш дода шудааст, то мардум имкони тарки манзилҳои худро дошта бошанд. Ва аммо мансабдори покистонӣ дар робита ба имкони шурӯъи амалиёти низомӣ дар водии Свот чизе нагуфт.
Вазъ дар водии Свот ва талошҳои Исломобод барои муқовимат бо афроди мусаллаҳ дар шимолу ғарби Покистон фардо мавзӯъи аслии музокирот миёни раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва раҳбари Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар Вошингтон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG