Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои ЮНЕСКО супурда шуд


Коичиро Матсуура, Дабири Кулли ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, имрӯз ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои ЮНЕСКО-ро супурд. Сарвари Тоҷикистон барои саҳмаш дар рушди ҳамкории кишвар бо ин Бунёд ва барои арҷгузорӣ ба шоиру мутаффакири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба ин ҷоиза сазовор дониста шудааст. ЮНЕСКО соли 2008-умро “соли Румӣ” эълон карда буд ва дар чаҳорчӯби он дар Тоҷикистон маҳфилу нишастҳои зиёд доир шуданд. Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли ЮНЕСКО барои ҷоиза изҳори сипос кард.
Коичиро Матсуура дар маросими супурдани медал гуфт, айни ҳол комиссиюни вижаи ЮНЕСКО пешниҳоди Тоҷикистон барои ба феҳристи Мероси фарҳангии ҷаҳон шомил кардани шаҳраки бостонии Саразм ва Боғи Миллии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG