Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Утиашвилӣ: музокирот бо ошӯбгарон идома дорад


Мақомоти Гурҷистон бо низомиёни бригадаи вазорати дифоъ, ки даст ба ошӯб задааст, музокирот мекунанд. Дар ин бора намояндаи вазорати умури дохила Шота Утиашвилӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Дар бораи ошӯби низомиёни бригадаи воқеъ дар мавзеъи Мухровании канори Тифлис имрӯз вазири дифоъи Гурҷистон Давид Сихарулидзе дар сӯҳбати мустақим бо телевизиони кишвар хабар дод. Қисми низомии ошӯбгарон аз сӯи артиш ва хадамоти амниятӣ иҳота шудааст. Аз онҳо тақозо шудааст, ки силоҳ ба замин гузоранд. Шота Утиашвилӣ, намояндаи вазорати умури дохила, гуфт, ки мақомоти кишвар аз ошӯб огаҳ буданд ва чанд афсарони бригадаро боздошт карданд. Имрӯз вазорати умури дохилаи Гурҷистон навореро пахш кард, ки дар он яке аз афсарони боздоштшуда дар бораи нақшаи ҳамла ба Тифлис ба хотири аз байн бурдани раҳбарони кишвар сӯҳбат мекунад. Ҳамла ба пойтахт бояд имрӯз, 5 май сурат мегирифт. Ин афсар ҳамчунин гуфтааст, ки афсарону сарбозони ошӯбгар бояд бо низомиёни руси мустақар дар Осетияи ҷанубӣ мепайвастанд. Ошӯб то ҳол идома дорад.
Фардо, 6 май, бояд дар Гурҷистон тамринҳои низомии НАТО дар чаҳорчӯби барномаи “Ҳампаймонӣ ба хотири сулҳ” шурӯъ шаванд.
XS
SM
MD
LG