Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози иҷлоси вузарои варзиши кишварҳои осиёӣ дар Теҳрон


Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар, дар иҷлоси вузарои варзиши кишварҳои Осиёӣ, ки рӯзи сешанбеи 5-уми май дар Теҳрон ба кор оғоз кард, ширкат дорад.

Дуввумин давраи нишаст ва гирдиҳамоии бузурги мақомоти олирутбаи варзиши кишварҳои қораи Осиё ба муддати се рӯз дар пойтахти Эрон баргузор мешавад.

Барномаи мизбонии мусобиқот дар кулли кишварҳои Осиёӣ барои ҳамкории мутақобил, табодули илму таҷриба ва ҳамчунин тасмимгирӣ дар хусуси эҷоди дабирхонаи иҷлос аз ҷумлаи мавзуоти муҳими мавриди баҳс дар ин нишаст аст.

Ҳамчунин дар ҳошияи нишасти вузарои варзиши кишварҳои осиёӣ семинарҳои тахассусии шомили доварӣ, мураббиягирӣ, пизишкӣ, допинг ва илму варзиш баргузор мешавад.

Масъулияти мизбонии ин рӯйдоди бузурги варзишии қораи Осиёро Созмони тарбияти баданӣ ва Кумитаи олимпики Эрон бар ӯҳда доранд.

Вамариҷ Муродов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин нишаст қарордод дар бораи ҳамкориҳо байни кумитаҳои миллии олимпии Эрон ва Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2012 ба тасвиб мерасад. Вай афзуд, бар асоси ин қарордод, минҷумла баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишгарони Тоҷикистону Эрон, давраҳои омӯзишии мураббиёну мутахассисони соҳа дар назар аст. Ҳамчунин мувофиқи дархости ҷониби Тоҷикистон Кумитаи миллии олимпики Эрон барои омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти байнулмилалӣ дар урдугоҳҳои олимпии кишвар ва баргузории тамринҳои муштарак кӯмак хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки нахустин давраи иҷлоси вузарои варзиши кишварҳои Осиёӣ соли 2007 дар Жопун доир шудааст.
XS
SM
MD
LG