Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи Роксана Собирӣ ҳафтаи оянда баррасӣ мешавад


Мақомоти Эрон гуфтанд, додгоҳи таҷдиди назари Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоӣ, ки дар ҷосусӣ муттаҳам шудааст, рӯзҳои наздик доир хоҳад шуд. Алиризо Ҷамшедӣ, сухангӯи додгоҳ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки баррасии аризаи Роксана Собири ҳафтаи оянда пушти дарҳои баста сурат мегирад. Ва аммо ӯ аз эълони рӯзи баррасии ариза худдорӣ намуд.
Роксана Собирӣ моҳи гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи ИМА ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Волидайни ӯ гуфтанд, ки хабарнигор ба нишони эътироз алайҳи ҳукми додгоҳ ҳафтаи гузашта даст ба гуруснанишинӣ зад ва аммо Алиризо Ҷамшедӣ ин иттилоъро рад кард.
Вошингтон иттиҳоми додгоҳи Теҳрон алайҳи Роксана Собириро такзиб карда хостори раҳоии ӯ аз маҳбас шудааст.
XS
SM
MD
LG