Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди табаддулоти низомӣ дар Гурҷистон


Раисиҷумҳури Гурҷистон дар пойгоҳи Мухрованӣ. Соли 2007
Раисиҷумҳури Гурҷистон дар пойгоҳи Мухрованӣ. Соли 2007

Мақомоти низомии Гурҷистон мегӯянд, дар як пойгоҳи низомӣ дар газдикии Тифлис як талоши табадуллоти низомиро ошкор кардаанд.

Ба дунболи эълони мақомот дар бораи кашфи ошӯб ва қасди табаддулоти низомӣ дар пойгоҳи низомии Мухрованӣ раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, вазъ дар кишвараш таҳти назорат қарор дорад. Саакашвилӣ ошӯби бархоста дар он пойгоҳи низомии воқеъ дар ҳамагӣ 30-километрии пойтахт, шаҳри Тифлисро "ҷиддӣ" хонд, вале гуфт, ин як ҳодисаи алоҳида аст.
Михаил Саакашвилӣ ҳамзамон "ҳамсояи шимолӣ"-ро даъват кард, аз ҳар навъ иғво худдорӣ биварзад.

Дар пойгоҳи Мухрованӣ як баталёни танкии артиши Гурҷистон мустақар буда, нирӯҳояш субҳи имрӯз, ба гуфтаи вазири дифоъи Гурҷистон Давид Сихарулидзе, аз итоат саркашӣ кардаанд. Вазири дифоъи Гурҷистон, ки гуфта мешавад, дар маҳалли ошӯб қарор дорад, ба телевизиони “Руставӣ -2 “ гуфтааст, ошӯб ҳанӯз идома дорад, вале як гурӯҳи намояндагони баландпояи вазоратхонаҳои дифоъ ва умури дохилӣ музокиротро бо ошӯбгарон идома медиҳанд.

Давид Сихарулидзе ба ин нукта таъкид кард, ки ошӯб дар пойгоҳи Мухрованӣ маҳз дар арафаи машқҳои муштараки низомии паймони низомии НАТО, ки бояд рӯзи чоршанбе, 6 май, дар Гурҷистон шурӯъ шаванд, сурат гирифтааст.

Шота Утиашвилӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Гурҷистон, гуфт, ин вазорат дар ин авохир машғули таҳқиқи маълумоти бадастомада дар бораи таҳияи қасди табаддулоти низомӣ дар бархе қисмҳои низомии артиши Гурҷистон буд ва то кунун ду афсари баландпояи артишро дар иртикоби ин қазия боздошт кардааст.

Шота Утиашвилӣ ҳамин тавр, Русияро ба даст доштан дар ошӯби пойгоҳи Мухрованӣ ва қасди табаддулоти низомӣ айбдор кард. Аммо мақомоти Русия ин иддаоро бепоя хонда, радд мекунанд. Як манбаъ дар хадамоти амниятии Русия бидуни бурдани ном ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, ин сафсата баёнгари дар ҳоли сақарот қарор доштани режими Саакашвилист.

Дмитрий Рогозин, фиристодаи Русия дар паймони низомии НАТО, низ иддаоҳо дар бораи даст доштани Маскав дар ошӯби ахир дар Гурҷистонро "хандаовар" номид ва гуфт, НАТО бояд машқҳои низомиашро дар "ягон девонахона" анҷом диҳад.

Паймони НАТО баргузории машқҳои густардаи низомиеро дар қаламрави Гурҷистон барномарезӣ кардааст, ки бояд аз 6 май то 1 июн идома кунанд. Аммо тасмими баргузории ин машқҳо хашми Русияро барангехтааст.

Русия дар моҳи августи соли гузашта бо Гурҷистон бар сари вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон вориди ҷанги кӯтоҳе шуд ва дар пайи он рӯёрӯӣ истиқлолияти он ду вилоятро ба расмият шинохт.


XS
SM
MD
LG