Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9,4 миллион доллари ёрии нави Амрико


Сафири Амрико Трейсӣ Анн Ҷекобсон
Сафири Амрико Трейсӣ Анн Ҷекобсон

Байни Душанбеву Вошингтон созишномаи изофӣ дар риштаи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартибот имзо шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 5 май созишномаи изофии ҳамкорӣ дар риштаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботро имзо карданд. Сафири Амрико Трейсӣ Анн Ҷекобсон, ки ба ин санад аз ҷониби Вошингтон имзо гузошт, гуфт, созишномаи ҷадид ихтисоси 9 миллиону 426 ҳазор доллар ба ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои маҳаллиро дар назар дорад.

Як бахши умдаи ин ёрӣ - 2,4 миллион доллар - ба гуфтаи сафир, барои иҷрои барномаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки роҳандозии ҳамкорӣ миёни воҳидҳои милиса ва ҷомиаро дар назар дорад, масраф хоҳад шуд. Бахши дигари ёриҳои Амрико, иборат аз 1,8 миллион доллар, барои бозсозии посгоҳҳои марзӣ дар мавзеъҳои Ёлу Ҷайралии минтақаи Шӯроободи марз бо Афғонистон, баргузориии давраҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин барои воҳидҳои марзбонии мустақар дар минтақаҳои Мурғобу Қизиларт ва Кулма харҷ хоҳад шуд. Барои ислоҳи қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон дар ин барнома 1,585 миллион доллар ихтисос дода шуда, 1,35 миллион доллари дигар ба барномаҳои марбут ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Амрико аз соли 1992 ба ин сӯ барои иҷрои барномаҳои марбут ба таҳкими амният, таъмини волоияти қонун ва тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир 37 миллион доллар кӯмак кардааст. Трейсӣ Анн Ҷекобсон, сафири Амрико дар Душанбе, имрӯз дар пайи имзои созишномаи изофӣ бо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, Вошингтон дар оянда низ ёриҳояш ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

Тафсилоти бештари ин мавзӯъ шоми имрӯз, 5 май, дар маҷаллаи шомгоҳиии Радиои Озодӣ.
XS
SM
MD
LG