Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Гурҷистон марзҳоро бастаниянд


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифтаанд, ки имрӯз ҳама роҳҳои вуруд ба шаҳри Тифлисро бубанданд. Раҳбарони мухолифин ҳушдор доданд, ки дар сурати ба истеъфо розӣ нашудани раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, онҳо рӯзи 11 май шоҳроҳи асосии кишвар ва ҳамчунин гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзҳои Гурҷистон бо Арманистон, Озарбойҷон ва Туркияро хоҳанд баст. Мақомоти Гурҷистон, дар навбати худ, изҳор намуданд, ки дар сурати талоши бастани гузаргоҳҳои марзӣ, онҳо тибқи қонун аз нерӯ истифода хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG