Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди мусаллаҳ тӯйро ба мотам табдил карданд


Бесир Аталай, вазири умури дохилаи Туркия изҳор намуд, ки ҳамла ба маросими тӯйи арусӣ дар як деҳаи канори шаҳри Мардин шояд бар асари интиқом сурат гирифта бошад. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки дар ин фоҷиа ҷудоихоҳони курд даст доранд. Вазири умури дохила хабар дод, ки ҳашт тан аз ҳамлагарон боздошт шудаанд.
Шоми рӯзи душанбе афроди мусаллаҳ ширкатдорони тӯйи арӯсиро тирборон карда сӯи онҳо норинҷак андохтанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 44 нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG