Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба марзҳои Тоҷикистон таҳким мебахшад


Ҳукумати ИМА ба хотири таҳкими амният дар марзҳои Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи касбии кормандони мақомоти амниятӣ ва ҳифзи тартиботи кишвар 9,4 миллион доллар ҷудо кард. Зери созишнома дар бораи ин кумаки билоиваз имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва сафири ИМА дар кишвар Трейсӣ Ҷакобсон имзо гузоштанд. Дипломати воломақоми амрикоӣ баъд аз ин маросим дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин маблағ барои татбиқи чанд тарҳ, аз ҷумла, таъмиру тармими қароргоҳҳои марзбонӣ дар сарҳади Афғонистон, таҳкими фаъолияти Оҷонси мубориза бо маводи мухадир, барномаи омӯзишии мутахассисони ҳифзи тартибот ва рушди касбии афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.
Шурӯъ аз соли 1992 ҳукумати Амрико барои татбиқи ҳамин гуна тарҳҳо беш аз 37 миллион долларро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG