Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шумораи навбатии "Садои Ҳамватан" мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешаванд:

Дар Панҷакент муҳоҷирати кории ҷавононро сабаби кунд шудани рушди зеҳнии ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд

Нодориву фақр дар қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон ҳатто наврасонро водор ба муҳоҷирати корӣ кардааст. Дар гузаштаҳо вақте, ки писари хонадон ба синфҳои ниҳоии мактаби миёна наздик мешуд, падару модар ва хешовандон таҳсили ояндаи фарзандашонро барномарезӣ мекарданд. Ҳоло ҳам чунин ҳаст. Вале солҳои ахир бештари хонаводаҳо ин орзуро аз сар дур кардаанд. Мушкилиҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва нодорӣ онҳоро бештар ба як роҳ ҳидоят медиҳад, яъне фиристодани фарзанд ба муҳоҷирати корӣ, муҳоҷирате, ки рушди зеҳнии онҳоро боз медорад. Чунин муҳоҷират орзӯи истеъдодҳоро, шояд олиме, шоъире, муҳандисе ё ихтироъкореро дар нахустин марҳалаи зиндагиаш мекушад ва онҳоро як умр ба нокомӣ менишонад.

Коршиносон чунин равандро ҳатто кунд шудани рушди ҷомеа низ ном мебаранд. Дар ноҳияи Панҷакент коршиносон бар ин назаранд, ки бояд наврасон ба таври ҳатмӣ мактаби миёнаро хатм кунанд, сипас ба онҳо иҷозаи мусофират ба хориҷ ё иҷозаи муҳоҷирати корӣ дода шавад. Вале воқеият чизи дигар аст, муҳоҷирати кории онҳо ба қавле "ҳавову ҳавас" нест, балки зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ҷавонони 15-16 сола ҳам аз идомаи таҳсил даст кашанд ва барои кӯмак ба хонаводаашон роҳи Русия ё кишвари дигареро пеш гиранд.

Ҷамъияти тоҷикони вилояти Краснодари Русия мегӯяд, ин вилоят барои сохтмони иншооти олимпӣ дар Сочӣ ба дастони корӣ ниёз дорад

Тақрибан як сол аст, ки ба сабаби бӯҳрони саросарии молӣ муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба мушкили ҷои кор рӯ ба рӯ шудаанд. Дар охири тирамоҳ ва зимистони гузашта шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ дар Русия ҷойҳои кории худро аз даст доданд ва ба Тоҷикистон баргаштанд. Шуморе дигар ҳам дар дохили Русия дар ҷустуҷӯи кор аз як шаҳр ба шаҳри дигар мераванд. Бо назардошти барномаҳои ҳукуматии сохтмони иншооти олимпӣ дар шаҳри Сочӣ ҳоло муҳоҷирони кории тоҷик талош доранд, дар ин сохтмонҳо барои худ кор пайдо кунанд.

Дар як гуфтугӯ Хуршед Ғуломшоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Краснодар, яъне вилояте, ки шаҳри Сочӣ ба он дохил мешавад, гуфт ки имкони пайдо кардани кор дар ин минтақа, ба вижа дар шаҳри Сочӣ бештар шудааст.

Як бунёди беҳдоштии Фаронса дар Русия ба муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ кумакҳои тиббӣ мерасонад

Масъалаи муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин, ба вижа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба Русия то андозае ба масъалаи доғи иҷтимоӣ мубаддал шудааст, ки ба он созмонҳои байналмилалӣ низ таваҷҷӯҳ пайдо кардаанд, аз як сӯ созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сӯи дигар созмонҳои беҳдошт. Бо назардошти ин ки муҳоҷирони корӣ аксаран дар шароити ғайри санитарӣ ба сар мебаранд, ҳар гуна беморӣ метавонад дар миёни онҳо ба осонӣ паҳн шавад. Барои кумаки беҳдоштӣ ба муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷилавгирӣ аз бемориҳо як бунёди иҷтимоии Фаронса дар Маскав барномаеро роҳандозӣ кардааст.

Очил Аюбзода, шоири тоҷиктабор дар Қирғизистон худро аз Тоҷикистон ҷудо намедонад

Дар ин шумораи барномаи "Садои Ҳамватан" силсилагузоришҳои Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори радиои Озодӣ дар Бишкек, идома дошт. Вай ҳангоми боздидаш аз манотиқи тоҷикнишини Қирғизистон дар деҳи Андарак бо шоир Очил Аюбзода ба гуфтугӯ нишаст, шоире, ки худро аз Тоҷикистон ҷудо намедонад.

Ёдовар мешавем, ки ин барнома ҳар ҳафта шоми рӯзҳои шанбеву якшанбе соати 20:30 дақиқа ва субҳи рӯзҳои якшанбеву душанбе соати 8:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон пахш мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG