Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари амрикоӣ таблиғи масеҳиятро рад кард


Ҷеннӣ Виллис-як низомии нируҳои Амрико дар Афғонистон идаъоро дар ин бора, ки гӯё нируҳои амрикоӣ талош доштаанд, мардуми Афғонистонро ба дини масеҳӣ бигардонанд, рад кардааст. Ин идаъо дар гузорише аз тариқи телевизиони Ал Ҷазира дар охири ҳафтаи гузашта пахш шуд ва гуфта мешуд, ки гӯё китобҳои муқаддаси Таврот ё Инҷил ба забонҳои дарӣ ва пашту ба нашр расидаанд. Ҷеннӣ Виллис гуфт, ин китобҳои муқаддас дороии сарбозони онҳост, ки калисоҳои онҳо аз Амрико барояшон фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG