Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робетр Гейтс роҷеъ ба беҳбуди муносибот бо Эрон


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико мегӯяд, вай интизор дорад, ки талошҳои давлати нави Амрико барои беҳбуди муносибот бо Эрон дар қадами аввал бо муштҳои гирефхӯрда рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин нуктаро Роберт Гейтс дар оғози силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Ховари Миёна дар Қоҳира-пойтахти Миср изҳор дошт. Вай изҳори умедворӣ кард ва гуфт, ки кишварҳои арабии дӯстро мутмаин хоҳад сохт, ки Вошингтон танҳо хостори беҳбуди амният дар минтақа аст. Вай гуфт, ҳар гуна беҳбудии равобит бо Теҳрон набояд ба баҳои муносиботи Амрико бо кишварҳои дигари Халиҷи Форс анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG