Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Аҳмадинажод аз Амрикои Лотин лағв шуд


Бино ба гузоришҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон боздидаш аз кишварҳои Амрикои Лотинро лағв кард. Ин боздид бояд ҳамин ҳафта анҷом мегирифт ва вай дар зимн бояд аз Бразилия, Венесуэло ва Эквадор боздид мекард. Вале ИРНО-хабаргузории давлатии Эрон хабар додааст, ки Аҳмадинажод ба ҷои кишварҳои Амрико Лотин имрӯз аз Сурия боздид хоҳад кард. Дар бораи сабабҳои лағви боздид аз Амрикои Лотин чизе гуфта нашудааст. Рӯзи ҷумъа хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки Вошингтон дар роҳи беҳбуди муносиботаш бо кишварҳои Амрикои Лотин гом бармедорад, то бад-ин тариқ афзоиши нуфузи Эрону Чин ба ин кишварҳоро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG