Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди тазоҳургарони гурҷӣ ба Саакашвилӣ


Мухолифини Гурҷистон мегӯянд, барои бастани роҳҳои аслӣ ба самти шаҳри Тифлис омода мешаванд, то ба ин шеваи эътироз раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилиро ба истеъфо водор кунанд. Дар баёнияи расмии мухолифин омадааст, ки се шоҳроҳи бузурги самти Тбилиси аз фардо сешанбе аз соати 2 то 3 рӯз баста хоҳад шуд ва агар Михайил Саакашвилӣ то рӯзи 11 май аз мақомаш наравад, ин роҳҳо то замони номаълум баста хоҳанд буд. Мухолифини Гурҷистон чанд ҳафта боз аст, ки тазоҳуроти зиддиҳукуматии худро идома медиҳанд. Михайил Саакашвилӣ, баъди ҷанги кӯтоҳи Гурҷистон дар моҳи августи соли 2007, фишор таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG