Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Зарифӣ бо дабири кулли ЮНЕСКО


Имрӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Коичиро Матсуура - дабири кулли ЮНЕСКО, Муассисаи илму маориф ва фарҳанги Созмони Милал мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот Ҳамроҳхон Зарифӣ ибрози умедворӣ намудааст, ки ЮНЕСКО - шаҳраки бостонии “Саразм” ва “Парки миллии Тоҷикистон”-ро ба феҳрасти мӯътабари мероси фарҳангии арзишманди ҷаҳонӣ ворид хоҳад кард. Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки ЮНЕСКО моҳи сентябри ҳамин сол доир ба амнияти Кӯли бузурги Сарез ва истифодаи босамари об дар Душанбе нишасти байналмилалие доир хоҳад кард. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, истифодаи нодурусти манобеъи обӣ дар солҳои ахир сабаби мушкили умдае барои ҳукуматҳо шуда ва як чолиши ҷиддӣ барои ҷаҳон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG