Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбинии тарсноке аз иқтисоди Аврупо


Кумиссиёни Аврупо мегӯяд, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар миёни як “рукуди амиқ ва саросарӣ” қарор доранд, ки баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум мушоҳида нашуда буд. Дар пешбинии тозаи Кумиссиёни Аврупо, омадааст, ки рушди иқтисодӣ дар иттиҳодия имсол то 4 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Дар моҳи январ ниҳоди мазкур, ки шохаи иҷроияи Иттиҳодияи Аврупост, гуфта буд, ки рушди иқтисодии иттиҳодия, 1,8 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи Кумиссиёни Аврупо, рукуди иқтисоди соли ояндаи 2010 низ иқтисоди 27 кишвари узвро коҳиш хоҳад дод. Бино ба пешбинии тоза, мизони бекорӣ дар 16 кишвари узви маҳфили евро соли оянда ба ҳадди рекордии ёздаҳуним дар сад хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG