Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шахнавардии варзишии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шахнавардии варзишӣ дар дараи Варзоб, 18-километрии шимоли Душанбе, баргузор шуд.

Сардовари ин мусобиқа Елена Лоренс, раиси Федеросиюни кӯҳнавардӣ ва шухпаймоии варзишии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки тӯли ду рӯз идома ёфт, 65 варзишгар дар ҳайати 6 даста мувофиқи синнашон дар се гурӯҳ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ғолиб шуд. Бошгоҳи «Вулқон»-и шаҳри Ваҳдат дар ҷои дуввум ва бошгоҳи ҷумҳуриявии «Зумрад» дар ҷои севвум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Баҳром Шокиров, узви бошгоҳи наҷотбахши «Ағба», ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ирина Наумова, аз бошгоҳи «Авиатор», дар сабқати занон пирӯзӣ ба даст овард. Аъзои бошгоҳи «Вулқон» Некрӯз Бодаков байни навҷавонон ва Зӯҳро Хуршедзода миёни духтарон ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар сабқати кӯдакон низ аъзои бошгоҳи «Вулқон» Фаррух Қосимов ва Мақсуда Ноҷиева ғолиб шуданд.

Дар рӯзи дуввуми мусобиқа танҳо мардон дар навъи душвори шахнавардии варзишӣ қувва озмуданд. Баҳром Шокиров (бошгоҳи «Ағба») боз соҳиби ҷоизаи аввал шуд. Аъзои бошгоҳи «Авиатор» Денис Дмитриев ҷои дуввум ва Зафар Ҳабибуллоев ҷои севумро касб карданд.

Сабқати шухпаймоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
XS
SM
MD
LG