Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: "Арабҳо набояд нигарон бошанд"


Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико мегӯяд, рӯйкарди нави дипломатии Амрико дар баробари Эрон равобити Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои арабиро зери хатар намегузорад. Роберт Гейтс, ки озими Арабистони Саудӣ ва Миср аст, ба хабарнигорони ҳамроҳаш гуфт, нигарониҳое аз сиёсати нави Амрико дар қиболи Эрон вуҷуд дорад ва Иёлоти Муттаҳида дар пайи коҳиш додани ин нигарониҳост. Қарор аст, имрӯз Роберт Гейтс ба Қоҳира биравад ва аз онҷо рӯзи сешанбе ба Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG