Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нав дар мавриди зукоми хук


Баъд аз он ки Мексика гуфт, марҳилаи бадтарини хуруҷи бемории зукоми хук дар ин кишвар гузаштааст, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт имрӯз аз кишварҳои ҷаҳон хост, чораҳои муҳофизатӣ аз ин бемории кушандаро кам накунанд. Ҳанӯз ҳам мавориди нави сирояти зукоми хук, ки омехта аз вирусҳои зукоми хук, мурғ ва инсон аст, дар саросари кишварҳои ҷаҳон сабт мешавад. Аз ҷумла нахустин мавриди сирояти ин беморӣ дар Амрикои Ҷанубӣ таъйид шуд. Маргарет Чан – мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, эҳтимоли бозгашти беморӣ дар охири соли равон имконпазир аст ва хуруҷи нави он шояд аз марҳилаи феълӣ ҳам бадтар шавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт то ҳол ҳудуди 1000 мавриди сирояти зукоми хук дар 20 кишвари дунёро сабт кардааст ва марги 26 нафар аз ин беморӣ таъйид шудааст.
XS
SM
MD
LG