Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари борон ва жолаи шадид ва омадани сел дар ноҳияи Панҷакент беш аз 30 хона тахриб шуда, беш аз 500 ҳектор киштзор нобуд шудааст.

Тибқи иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа, айни замон ҳукумати шаҳр якҷо бо ситоди ҳолатҳои изтирорӣ кумиссиюни вижаеро таъсис додаанд ва барои бартараф намудани ин офати табиӣ амалиёти барқароркуниро шурӯъ намудаанд.

Хисороти воридшуда аз тарафи мутахассисон омӯхта мешавад. Талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Танҳо 14 сар чорво нобуд шудааст.

Ҳамзамон бино ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, дар ноҳияи Ёвон низ обхезӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва дар ҳоли ҳозир хисороти он мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ин ҳодисаҳои обхезӣ имсол барои бори аввал нест. Ду ҳафта қабл бар асари бориши зиёд ва селхезӣ дар деҳаи "18-ум Партсйезд"-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон наздик ба 90 манзили зист тахриб шуда, садҳо сокини маҳаллӣ бе сарпаноҳ монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG