Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ба ҳайси номзад сабти ном шуд


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон худро расман ба ҳайси номзад дар интихоботи моҳи август сабти ном кард. Вай генерал Муҳаммад Қасим Фаҳимро муовини аввал ва Карим Халилӣ - муовини дуввуми худ интихоб кардааст. Муҳаммад Қасим Фаҳим - муовини собиқ ва Карим Халилӣ муовини феълии Ҳомиди Карзай аст, ки вай пас аз суқути Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 се сол раҳбари муваққатии ин кишвар буд ва соли 2004 дар интихоботи нахустини демократӣ ба мақоми раиси ҷумҳур баргузида шуд. Дигар номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон барои сабти ном бештар аз як ҳафтаи дигар доранд. Даҳҳо сиёсатмадори қавии Афғонистон, барои ширкат дар интихобот эълом додаанд, вале то кунун танҳо се нафари онҳо худро сабти ном кардаанд.
XS
SM
MD
LG