Пайвандҳои дастрасӣ

Дирӯз 5 нафар дар Афғонистон кушта шуданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Афғонистон, дирӯз нируҳои Италия дар шаҳри Ҳирот ба сӯи як автомобили мусофирбар оташ кушодаанд. Дар ин тирандозӣ як кӯдак кушта, ду мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи нируҳои Италия дар Афғонистон гуфт, духтаре ронандаи мошин будааст ва ҳушдорро нодида гирифта, бо суръати баланд ҳаракатро идома додааст. Дар ҳодисаи дигаре дар вилояти Ҳилманд чаҳор нфар аз инфиҷори бам кушта шудаанд, ки ду нафари онҳо кӯдакон будаанд. 7 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин бамро дар мотоцикле баста будаанд ва онро дар истгоҳи назди бинои давлатӣ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG