Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ниманизомиёни суннӣ дар Ироқ боздошт шуд


Дар ҷараёни як амалиёти муштараки нируҳои Ироқ ва Амрико дар шаҳраки Дулиюя- воқеъ дар шимоли Бағдод Надим ал Ҷуборӣ-раҳбари шӯришиёни суннӣ рӯзи шанбе бо ду бародараш барои даст доштан дар терроризм боздошт шуд. Вай раҳбари Шӯрои Бедории сунниҳост ва замоне баъд аз ҷудоӣ аз Ал Қоида ба нируҳои Амрико кӯмак мекард. Вале боздошти вай ба замоне иртибот мегирад, ки бар зидди нируҳои амрикоӣ дар Ироқ меҷангид.
XS
SM
MD
LG