Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи WHO дар мавриди зукоми хук


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дархост кардааст, ки баъд аз сирояти ангезандаи зукоми хук дар ҷисми хукҳо дар Канада назорат бар ин ангезанда ё вирус ҳам дар ҷисми одамон ва ҳам дар ҷисми ҳайвонот тақвият ёбад. Петер Бен Эмбарек-донишманд дар бахши амнияти ғизо дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, пешниҳод нашудааст, ки дар ҷое баъд аз сирояти ин ангезанда хукҳоро нобуд кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маҳсулоти хукӣ барои истеъмол ҳамоно безарар аст. Дар маҷмуъ 18 кишвар дар бораи 787 мавриди сирояти ин ангезанда гузориш додаанд. 20 нафар аз ин беморӣ даргузаштаанд, ки 19 онҳо дар Мексика ва як нафар дар Амрико будаанд.

XS
SM
MD
LG