Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дидбонии Мингора пардохтани ҷангиёни толиб


Як мақоми покистонӣ гуфт, ки ҷангиёни толиб дидбонии Мингора, бузургтарин шаҳри водии Свотро аз сар гирифтаанд. Ассошиэйтед Пресс аз қавли Хушҳолхон, як мансабдори аршади Свот навишт, давлат дар саросари водӣ аз соати 9 шаб то 6 субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст. Қаблан артиши Покистон ҷангиёни толибро дар нақзи ҷиддии қарордоди сулҳи водии Свот айбдор кард. Артиши Покистон феълан дар ноҳияи Бунер бо ҷангиёне меҷангад, ки аз дараи Свот вориди ин минтақа шудаанд.
XS
SM
MD
LG