Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вероника аз Берлусконӣ ҷудо мешавад


Ҳамсари сарвазири Итолиё баъд аз ду даҳсолаи зиндагӣ мехоҳад аз Силвио Берлусконӣ ҷудо шавад. Ҳунарпешаи собиқ Вероника Лариои 52-сола дар сӯҳбатҳои матбуотие, ки имрӯз нашр шуд, тасмими худро эълон кард. Ӯро иштироки Берлусконӣ дар ҷашни зодрӯзи як духтари 18-сола дар Неапол чунин ба хашм овардааст. Вероника Ларио ҳамсари дуввуми сарвазири 72-солаи Итолиёст. Берлусконӣ ҳанӯз дар мавриди тасмими ҳамсараш чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG