Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавридҳои таъйидшудаи гирифтории афрод ба зукоми хукро ба 787 расонд. 20 мавриди ҳалокати одамон аз ин маризии қаттол низ таъйид шудааст, ки 19 мавридаш дар Мексика ва яке дар Амрико рух додаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, мавридҳои печидан ба зукоми хук дар 17 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.