Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба эътиқоди аксари маҳфилҳои хабарнигории Душанбе, як соли ахир барои матбуоти Тоҷикистон дар таърихи муосир соли истисноие буд.

Агарчанд Хонаи озодӣ, дар охирин гузориши худ, Тоҷикистонро дар ҷойи қаблӣ ва 168–ум ҷой додааст, аммо аксари хабарнигорони тоҷик ба ин боваранд, ки ба дастовардҳое дар заминаи бештар таъсиргузор шудани матбуоти миллӣ даст ёфтаанд.

Ба дунболи таҷлил аз Рӯзи озодии сухан дар моҳи майи соли гузашта, қазияи пурсарусадои маҷрӯҳ ё кушта шудани Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва аз шахсият ҳои мутанафиз дар кишвар пеш омад, ки баъди андаке хомӯшӣ матбуот ба он пардохт ва матолиби зиёде ба нашр расонд. Ба дунболи он алорағми интизороти бархе доираҳо, ки гумон доштанд, фишор ба матбуот бештар шавад, оқои Асадуллозода ба истиқболи матбуот рафт ва дар тобистони гузашта дар шаҳри Хоруғ аз масъулини расонаҳо пазироӣ кард.


То ин вақт бархе мақомот, назири сарвазир, муовинони ӯ ва бархе вазирон низ дар матбуот танқид мешуданд. Ва ин мақтаи чархиши андак дар бархӯрди мақомот бо расонаҳои мустақил буд.

Дар чанд моҳи пеш, вақте шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кушта шуданд ва ҳукумат барои аввалин бор эътирози аланӣ баён кард, расонаҳои мустақил дар бозтоби мавқеъи давлат корро то ҳади пуштибонӣ аз мавзеи ҳукумат пеш бурданд ва дар зимни муноқишаи лафзӣ ва мактубии Тоҷикистон бо вазорати умури хориҷии Русия ва баёнияи Д. Медведев, раиси ҷумҳури он кишвар дар бораи пуштибониаш аз мавзеъи Тошканд, ин мавзеъгириро бештар тақвият бахшиданд.

Ба дунболи он, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки чунин пуштибонии расонаиро дар дохил ҳеҷ гоҳ аз сӯи расонаҳои мустақил эҳсос накарда буд, тибқи фармони 622 тамоми ниҳодҳои Тоҷикистонро, сарфи назар аз шакли моликияташон, муваззаф кард, ки ба интиқод ва пешниҳодҳои матбуот расидагӣ кунанд. Ва барои аввалин бор дар сафарҳои хориҷии раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷӣ, хабарнигорони матбуоти мустақил, ки ҳамеша аз сӯи мақомот танқид мешуданд, дар канори Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.

Аммо ин афзоиши эътимод миёни расонаҳои мустақил ва давлат боиси зери суол қарор гирифтани истиқлоли расонаҳо дар пӯшиш додани ахбор ва воқеъот нашудааст? Масъулини расонаҳо интиқодоти ахир аз вазирони молия, иқтисод, кишоварзӣ, нақлиёт ва мухобирот, муовинони сарвазаир ва бозтоби нашри натиҷаҳои аудити Бонки миллиро далели ҳамчунон ҳифзи мустақилияти худ медонанд. Зинатуллоҳи Исмоил мудири шабакаи телевизонии СМТ мегӯяд: «Дар саҳафоти матбуоти мустақил мақолаҳоеро, ки ба ҷуръат мансабдорон, сарвазир, муовинони ӯ ва вазирон танқид мешавандро мебинем. Ин нишонаи он аст, ки ба ҷуръати журналистон фармони ахири президент низ мусоидат кардааст. Ва инчунин расонаҳои мустақили тоза таъсисёфта ин имконро фароҳам овардаанд, ки барои ифшои кабудӣ ва проблемаҳо минбар вуҷуд дошта бошад. Ва коршиносон ва хабарнигорон аз ин минбар хуб истифода мекунанд. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки нисбат ба солҳои пешин баёни андеша бештар имконпазир гардидааст».

Аммо ҳамзамон масъулини расонаҳо ин воқеъиятро низ рад намекунанд, ки ҳанӯз хатҳои сурхе вуҷуд дорад, ки убур аз онҳо сурат нагирифтааст. То кунун ҳеҷ расонае дар дохили Тоҷикистон ҷуръати ба сароҳат интиқод намудан аз амалкардҳои Раиси ҷумҳурро накардааст. Раиси Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбе, ки шахси дуввуми давлат маҳсуб мешавад, низ ба нудрат дар матбуот танқид шудааст.

Аммо масъалаи дастёбӣ ба манобеи хабарӣ, адами ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҳирфаӣ набудани аксари журналистон, камии маош ва гаронии қимати маводи чопӣ ва матбааҳо аз мушкилоти аслии матбуот ҳамчунон боқӣ мемонад. Хоса бӯҳрони молии ҷорӣ, ба эътирофи масъулини расонаҳо, зиёни ҷиддие ба матбуоти мустақил расонида ва дар сурати идома пайдо кардан, имкон дорад боиси аз миён рафтани иддае аз расонаҳо шавад.

Ба ин манзур дар Рӯзи озодии сухан, масъулини расонаҳо хостори таҳияи як тарҳи муштараки берун кашидани расонаҳо аз ҳоли бӯҳронӣ шуданд. Як пешниҳод ва ё гузина даъват аз ҳукумат барои коҳиши молиёт ва кӯмаки молӣ ба расонаҳо мебошад. Сангини Гулзод, устоди факултаи журнализми Донишгоҳи миллӣ мегӯяд: «Хуб мешуд, агар ҳукумат ба истиқболи ин расонаҳо биояд ва ба манзури коҳиши таъсири бӯҳрон андозро кам кунад ва аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба расонаҳо кӯмак кунад, ба манфиъати кор хоҳад буд. Агарчи имрӯз аз лиҳози иқтисодӣ масраф мекунад, аммо аз нигоҳи дигар, бурди бештаре хоҳад кард».

Аммо бархе дигар масъулини расонаҳо ба кӯмаки давлат умеди чандоне надоранд, зеро мегӯянд онҳо, коҳиши андозҳо боиси такмил нашудани бахши даромади буҷаи давлат мешавад, ва гумон аст, ки ҳукумат ба ин амр мувофиқат кунад. Аз ҷониби дигар, бархе ҳам нигарони он ҳастанд, ки бар ивази кӯмаки давлат расонаҳои мустақил имкон дорад бахше аз мустақилияти худро аз даст бидиҳанд. Дар ҳар сурат, куммиссиюне барои таҳияи барномаи зиддибӯҳронии расонаҳо ташкил шудаааст, ки натиҷаи кори худро то чанд рӯзи дигар пешниҳод хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG