Пайвандҳои дастрасӣ

Курдистони Ироқ ҳамлаи ҳавоии Эрон маҳкум кард


Ҳукумати Курдистони Ироқ имрӯз ҳамлаи ҳавоии Эрон алайҳи ҷудоиталабон дар дохили хоки Ироқро маҳкум кард. Чархболҳои Эрон рӯзи шанбе аз марзи Ироқ гузашта, се рустои курдиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Бино ба хабарҳо, ин бомбборон ғолибан Ҳизби ҳаёти озод барои Курдистонро ба ҳадаф дошт. Ин гурӯҳ, ки барои истиқлоли Курдистон аз Эрон мубориза мебарад, ҳамлаҳои худро аз пойгоҳҳояш дар кӯҳистони шимоли Ироқ роҳандозӣ мекунад. Давлати Курдистони Ироқ ҳамчунин аз ҷудоиталабон хостааст, ҳамлаҳои худ алайҳи Туркияву Эронро бас кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG