Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ризоӣ аз Аҳмадинажод


Мӯҳсин Ризоӣ, номзади муҳофизакор ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон имрӯз раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро ба боди шадиди интиқод кашид ва гуфт, ӯ Эронро ба лаби варта овардааст. Ризоӣ лаҳни сӯҳбати Аҳмадинажод дар мавриди барномаҳои ҳастаии Эронро, ҳамин тавр, “пурмоҷаро” хонд ва гуфт, ӯ дар сиёсати хориҷӣ на тарафдори бефаъолиятист ва на тарафдори моҷароталабӣ, аммо мутмаин ҳаст, ки Амрикову Ғарб ба Эрон ниёз доранд. Мӯҳсин Ризоӣ Аҳмадинажодро ҳамчунин ба он муттаҳам кард, ки дар арафаи интихоботи рӯзи 12 июн ба хотири таблиғи худ дар саросари Эрон пулчошӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG