Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯсти Фардо Қодиров ба мушорикат айбдор шуд


Бино ба хабарҳо, мақомоти Озарбойҷон як нафарро ба ҳамдастӣ ба марди мусаллаҳе айбдор кардаанд, ки ҳафтаи гузашта 13 нафарро дар як донишгоҳи Боку ба қатл расонд. Хабаргузории Интерфакси Озарбойҷон аз қавли додситонии Боку навишт, Нодир Алиев ба мусоидат ба куштор айбдор шудааст. Мақомот мегӯянд, Нодир Алиев дӯсти Фардо Қодиров буд. Фардо Қодирови 29-сола рӯзи 30 апрел бо туфанг вориди Академияи давлатии нафт шуд ва 13 нафарро ба қатл расонда, дар ниҳоят худро низ кушт. Рӯшан нест, ки ӯ бо чӣ далеле даст ба қатли ом задааст.
XS
SM
MD
LG