Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб дар улусволии Гиришк


Таркиши бомб дар назди шӯъбаи пулиси улусволии Гиришк дар вилояти Ҳилманди Афғонистон имрӯз 4 нафари ғайринизомӣ, бо шумули 2 кӯдакро кушта барҷой гузошт. Масъулияти таркиши Гиришкро ҷунбиши Толибон бар ӯҳда гирифтаанд. Сухангӯи пулис гуфт, 7 тани дигар, бо шумули ду маъмури пулис бар асари инфиҷор ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи шанбе бар асари як ҳамлаи ҷангиён дар вилояти бо Покистон ҳаммарзи Кунар 3 сарбози Амрико, 3 аскари афғон ва 2 сарбози Латвия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG