Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори вазири молияи Ҷопон ба кишварҳои Осиё


Вазири молияи Ҷопон Каору Ёсано гуфт, кишварҳои қораи Осиё бояд ба ислоҳи сохтори иқтисодҳои худ пардохта, аз ин ба баъд на ба содироти мол, балки ба эҳтиёҷоти бозорҳои дохилӣ тамаркуз кунанд. Ёсано дар нишасти солонаи Бонки осиёии рушд дар ҷазираи Болӣ гуфт, давлатҳои Осиё назар ба ҷустуӯи қарордодҳои бузург дар бозорҳои хориҷӣ бояд эҳтиёҷоти дохилиро ташвиқ кунанд. Вазири Ҷопон гуфт, хароҷоти иҷтимоӣ бояд дар сатҳи феълӣ боқӣ бимонад. Бонки осиёии рушд ҳушдор дода, ки агар бӯҳрони иқтисодӣ ба шиддаташ барҷой бимонад, то соли оянда 160 миллион нафар дар Осиё ба вартаи фақр хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG