Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 3 май, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи озодии матбуот таҷлил мешавад. Маҷмаи умумии СММ ҳанӯз соли 1993 бо ибтикори ЮНЕСКО ин рӯзро Рӯзи озодии матбуот эълон карда буд.

СММ ҳамроҳ бо ЮНЕСКО имсол ба хотири ин рӯз ташкили нишасти мубоҳисотиеро дар мавзӯъи “Дастрасӣ ба иттилоот ва эътимоди мардум” дар назар доранд.

СММ ин рӯзро як имкони муносиб барои таҷлил аз аслҳои бунёдии озодии матбуот, арзёбии вазъи ин озодӣ, дифоъ аз расонаҳое, ки
Freedom House: Матбуот дар 64 кишвар, ё сеяки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ғайриозод боқӣ мондааст.
истиқлолашон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст, ва ҳам ёдбуди хабарнигороне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ кушта шудаанд, номидааст.

Дастрасӣ ба иттилоот ба назари бисёре аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон як мушкили умдаи истода дар назди расонаҳои хабарӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон боқӣ мемонад. Мушкил, ё ҳатто бадбахтии дигари матбуот ҳамоно ба зиндон кашонидани хабарнигорҳо ва ҳатто кушта шудани онҳо ба ҳангоми иҷрои вазифаи хабарнигорист.

Cjзмони амрикоии дифоъ аз журналистон теъдоди хабарнигорони кушташуда дар соли 2008-умро 41 нафар ҳисоб кардааст. Аз ҷумла ба ҳисоби ин созмон, 11 хабарнигор дар Ироқ кушта шудаанд.

Иттиҳодияи байналмилалии нашрияҳо ҷамъи кормfндони кушташудаи матбуот, бо шумули кормандони фанниро 70 нафар баровард мекунад ва дар ҷойи аввал боз ҳам Ироқро мегузорад. Бо вуҷуди фарқи арқом, ҳамаи созмонҳои дифоъ аз хабарнигирон Ироқро хатарноктарин макон барои фаъолияти хабарнигорӣ унвон мекунанд.

Масъалаи дигар то кадом андоза ба асли озодии матбуот эҳтиром қоил шудан ваё нашудани давлатҳост.

Созмони амрикоии Freedom House, ё Хонаи Озодӣ, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот тибқи анъана, Шохиси солонаи озодии матбуот-2009-ро нашр кард, ки бар пояи таҳқиқи вазъ дар 195 кишвари ҷаҳон матбуотро танҳо дар 70 кишвар баҳои “озод” дода, дар 61 кишвар “қисман озод” хондааст.

Гузориши Хонаи Озодӣ ҳамин тавр матбуотро дар 64 кишвар, ё сеяки кишварҳои дунё “ғайриозод” баҳо додааст.
Тоҷикистон низ, муттаассифона, дар Шохиси озодии матбуот –2009 бо касби мақоми ҳамагӣ 168-ум дар миёни 195 кишвар, дар радифи кишварҳои аз нигоҳи озодии матбуот ғайриозод ҷой гирифтааст. Тоҷикистон зимнан соле пеш ҳам дар ин Шохис дар ҳамин мақоми 168-ум буд.
XS
SM
MD
LG